Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали боксии наврасони тоҷик


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс байни наврасони 17-18-сола дар шаҳри Алматии Қазоқистон ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Абдурашид Маҳмадҷонов, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон ва ҳамзамон довари ин мусобиқот, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати муштзанҳои ҷавони қора 110 варзишгар аз 18 кишвар ширкат доштанд. Аз панҷ муштзани тоҷик ду нафар соҳиби медалҳо гардиданд. Ҷасур Қурбонови хуҷандӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 75 кг ҷои дуввумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Билолиддин Аҳадови душанбегӣ дар вазни зери 57 кг дар ҷои севвум қарор гирифта, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Боз ду варзишгари дигари тоҷик - бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Мӯсоевҳо – мутаносибан дар вазнҳои зери 51 ва 54 кг дар байни панҷ муштзани беҳтарини қора ҷойгир шуданд. Бад-ин тартиб, тими Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар мақоми 7-ум қарор гирифт.

Ҷои аввал насиби тими мизбон – Қазоқистон гардид. Варзишгарони қазоқ, аз ҷумла, 7 медали тилло ба даст оварданд. Дастаи Узбакистон бо се медали тилло ҷои дуввумро касб кард. Дастаи Ҳиндустон бо як медали тилло севвум шуд. Инчунин се тими дигар – Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Туркманистон аз дастаи Тоҷикистон пеш гузаштанд.

Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии варзидаи тоҷик, мегӯяд, ин охирин мусобиқаи байнулмилалӣ барои муштзанҳои тоҷик дар соли равон буд. Вале, мутаассифона, имсол ба варзишгарони тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар риштаи бокс муяссар нашуд. Ва аммо онҳо имкон доранд, моҳи январи соли оянда дар сабқати интихобии олимпӣ, ки дар Тайланд доир мегардад, ширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош варзанд. Дар айни ҳол муштзанҳои моҳир, ба мисли Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Маҳмадалиев, Баҳодур Каримов, Маъруфҷон Файзуллоев ва Фирдавс Салоҳов, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сабқати интихобии олимпӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG