Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҷонибдори таъсиси додгоҳи исломист


Эрон пешниҳод кардааст, ки ба хотири муҳокимаи ҷинояткорони ҳарбӣ ва поймолкунандагони ҳуқуқи башар як додгоҳи байналмилалии исломӣ таъсис ёбад. Ин пешниҳодро раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон дар нишасти раисони додгоҳҳои кишварҳои исломӣ матраҳ намуд. Аҳмадинажод дар ин бора тафсилоти бештаре надод, вале таъкид кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Шӯрои Амнияти СММ бо дастури кишварҳои ғарбӣ амал мекунанд. Феълан ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Ҳайг ё худ Гаагаи Ҳолланд ду додгоҳи байналмилалӣ поягузорӣ намудааст. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз ҷумла бо муҳокимаи парвандаҳои ҷинояткорони ҳарбӣ машғул асту Додгоҳи байналмилалии адолат баҳсҳои миёни кишварҳоро арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG