Пайвандҳои дастрасӣ

Суғд: қарзи маош – беш аз 7 миллион сомонӣ


Ҳайъати додситонии вилояти Суғд муайян намуд, ки танҳо дар 9 моҳи аввали соли равон қарзи умумии маоши кормандони соҳаи буҷетӣ 7 612 000 сомониро ташкил додааст.

Ахиран вазъи иҷрои ҳолатҳои қонунгузории Тоҷикистон оид ба пардохти маош, кумакпулӣ ва дигар пардохтҳо дарҷаласаи ҳайъатимушовараи додситонии вилоят баррасӣ гардид. Чунонки Мирзошариф Зокиров, сардори шуъбаи назоратиумумии додситонии вилояти Суғд, таъкид намуд, қисмати зиёди ин миқдорро қарзҳои пардохти музди меҳнат дар соҳаҳои кишоварзӣ (5 790 000 сомонӣ), маориф (524 000 сомонӣ), хоҷагии коммуналиву зист (225 000 сомонӣ) ва сохтмон (203 000 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар натиҷаи тафтишҳои гузаронидашуда 6 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, беш аз 300 қарори вокуниши додситонӣ бароварда шуд ва баъди дида баромадани дастурҳои додситонӣ ҳудуди 3,5 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт шудааст.
Ҳамчунин фаъолияти Мудирияти вилоятии хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ зериинтиқоди шадид қарор гирифт. Аз ҷумла ишора гардид, ки 112 дастури содирнамудаи он хусусияти сатҳӣ дорад ва дар 10 моҳи соли равон ҳамагӣ 3 шахси масъул ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ташаббуси ин мудирият ба мақомоти додситонӣ ягон мавод фиристода нашудааст.
Дар ин маҷлис ҳамчунин аз фаъолияти бесамари Федеросюни иттифоқҳои касабаи вилоят ва кумитаҳои соҳавии он интиқод шуд, ки дар ҷараёни тафтишҳои гузаронидашуда танҳо ба маслиҳатдиҳӣ иктифо мекарданд.
XS
SM
MD
LG