Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори Кӯлоб депутат шуд


Танҳо номзад ба мақоми вакили маҷлиси вилоятӣ дар Хатлон – шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев дар интихоботи ахир дар ин шаҳр пирӯз омад. Ин интихоботи миёндавраӣ бо иллати марги вакил Сафаралӣ Рустамов, собиқ муовини аввали раҳбари вилоят доир шуд.

Ҳамид Абдуллоев дастпарвардаи Донишкадаи политехникӣ буда, миёнаҳои солҳои навад раисии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои Душанберо бар дӯш дошт. Баъдан, чун раҳбари корхонаи Тоҷиктекстилмаш кор кардааст. Аз соли 1996 шаҳрдори Кӯлоб мебошад. Дар авоили солҳои ҳаштодуми қарни 20, ӯ вакили Шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ будааст. Ҳоло узви ҲХДТ мебошад.

XS
SM
MD
LG