Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф аз интихобот канор мемонад


Кумиссиюни Марказии Интихоботи Покистон ба нахуствазири собиқ ва як раҳбари мухолифони ин кишвар Навоз Шариф иҷоза надод, то дар интихоботи порлумонии рӯзи ҳаштуми январ ширкат кунад. Куммиссиюн парвандаи ҷиноӣ алайҳи Навоз Шарифро сабаби ин амр номид. Нахуствазири собиқи Покистон , ки пас аз ҳафт соли ғурбат аз Арабистони Саудӣ ба ватанаш баргашт, аз ҳавзаи шаҳри Лоҳур номзадиашро пешниҳод карда буд. Навоз Шарифро, соли 1999 генерал Парвиз Мушарраф зимни як табаддулоти давлатӣ сарнагун кард ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Навоз Шариф иттиҳомот ба зидди худро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
XS
SM
MD
LG