Пайвандҳои дастрасӣ

Дарҳои бастаи Туркманистонро мекушоянд


Раиси ҷумҳури Туркманистон тарҳи чандмиллиардолларии бунёди як осоишгоҳи бузург дар соҳили Баҳри Хазарро ифтитоҳ кард, ки як талоши давлат барои боз кардани дарҳои бастаи кишвар ба рӯи хориҷиён хонда шудааст.
Раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳамаддов дар ҳамоиши сармоягузорон дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ рӯзи сеюми декабр гуфт, чанде аз ширкатҳои хориҷӣ барои бунёди осоишгоҳ чаҳор миллиард доллар сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси ин тарҳ, бояд 60 меҳмонхона, ресторану варзишгоҳҳо, як майдони варзишӣ бо се ҳазор ҷойи нишаст ва фурушгоҳҳо сохта шавад. Шаҳри Туркманбошӣ, ки макони аслии полоишгоҳҳои нафтии Туркманистон дар 700 километрии шаҳри Ашхобод воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG