Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Русия аз назари Путин ва нозирони беруна


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин интиқодҳои афзояндаи ҷомеаи байналмилалиро аз интихоботи парлумонии кишвараш рад кард. Имрӯз дар як изҳороташ дар заминаи пирӯзии дирӯзаи ҳизби "Русияи Воҳид" вай гуфт, ки натиҷаҳои интихобот қонунӣ мебошад. Вай гуфт, интихобот намоишгари он аст, ки кишвари вай дар роҳи созанда ҳаракат хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки имрӯз нозирони САҲА ва Шӯрои Аврупо гуфтанд, ки интихоботи парлумонии рӯзи 2 декабри Русия ҷавобгӯи бисёр "меъёрҳову тааҳҳудоти" демократӣ набудааст. Нозирон ба "нуфузи аз ҳад зиёди дафтари раёсатҷумҳурӣ ва худи раиси ҷумҳурӣ дар интихобот" таъкид кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ меъёрҳои озодии баён ва ҳақи озодона баргузор кардани ҳамоишҳо вайрон шудааст. Дар Русия раҳбари мухолифин Гарри Каспаров раъйдиҳии ахирро чун "зишттарин" дар таърихи навини Русия маҳкум кард:

"Ин интихобот ва ё он чи ки чун интихобот ёд мешуд, ғайримунсифона ва зишттарин дар таърихи кунунии Русия мебошад. Муҳим ин ки ҳукумат дигар аз чизе шарм намедорад ва ҳама захираҳои маъмуриро бо тамоми нирӯяш истифода мекунад"

Як узви камиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ҳизби "Русияи воҳид"-и президент Владимир Путин аксарияти раъйҳоро ҳифз карда, дар маҷлиси иборат аз 450 курсии Русия 315-торо аз они худ кардааст.
XS
SM
MD
LG