Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шарифро сабт накарданд


Камиссиюни интихоботии Покистон имрӯз раҳбари мухолифин ва собиқ нахуствазири ин кишвар Навоз Шарифро барои ширкат дар интихоботи рӯзи 8 январи соли оянда роҳ надод ва гуфт, ки чунин тасмим бо сабаби қонуншиканиҳои дар гузашта содиркардаи вай гирифта мешавад. Оқои Шариф, ки 25 ноябр аз табъйиди ҳафтсола ба ватан баргашт, барои сабти номи номзадиаш дар Лоҳур ариза дода буд. солҳои 90-уми қарни гузашта Навоз Шарифро ду дафъа ба ҷиноёти марбут ба фасод гунаҳгор кардаанд, аммо худи вай мегӯяд, ки ин иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG