Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони бозгашти Русия ба Паймон бо як шарт


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Маскав метавонад узвияти худро дар Паймони аслиҳаи маъмулӣ дар Аврупо барқарор кунад, ба шарте, ки кишварҳои ғарбӣ ин қарордодро мисли Русия ба тасвиб расонанд. Аммо вай илова кард, ки Русия наметавонад тамоми умр интизор бимонад. Русия ҳузури худро дар Паймони соли 1990 боздошт, аммо мӯҳлати иҷрои он 12 декабр фаро мерасад. Қарордоди мазкур истиқрори танку дигар муҳимоти сангини ҷангиро дар саросари Аврупо маҳдуд мекунад. НАТО гуфтааст, ки тарҳи навшудани Паймони мазкурро бо сабаби ҳузури нирӯҳои Русия дар Гурҷистону Молдова ба имзо нахоҳад расонид.

XS
SM
MD
LG