Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми бойкоти сунниҳои Ироқ


Имрӯз қонунгузорони суннимазҳаби парлумони Ироқ бойкоти маҷлисро хотима дода сари кор баргаштанд. Бойкоти онҳо бо сабаби ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудани раҳбари эътилофи сунниҳо Аднон-Ад-Дулаймӣ сурат гирифт ва имрӯз аъзои Ҷабҳаи Муъоҳидаи Миллӣ ҳамроҳ бо худи Дулаймӣ ба толори маҷлис баргаштанд. Мақомот рад мекунанд, ки Дулаймӣ дар ҳабси хонагӣ буд, онҳо мегӯянд, ки вай бо андешаҳои амниятӣ дар манзилаш нигаҳ дошта мешуд. Мақомот мегӯянд, ки чанд рӯз пеш яке аз муҳофизони Дулаймӣ бо калиди мошини ҳомили маводи тарканда боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG