Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи фаъолияти "Имедӣ" дода шуд


Ҳукумати Гурҷистон аз дафтари додситонии кулли кишвар тақозо намуд, ки фаъолияти ширкати телевизионии "Имедӣ"-ро иҷоза бидиҳад. Ин тақозои муҳими мухолифин дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии пеш аз мӯҳлати Гурҷистон аст, ки қарор аст рӯзи 5 январ баргузор шавад. Изҳороти мазкур имрӯз аз забони Нино Бурҷанадзе, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Гурҷистон садо дод. Муҷаввизи фаъолияти ширкати телевизионии "Имедӣ" моҳи октябр, замони ҷоришавии вазъияти изтирорӣ дар кишвар аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ боздошта шуд.
XS
SM
MD
LG