Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкили ҷаҳонии об дар Ҷопон


Анҷумани нахустини оби кишварҳои қораи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар шаҳри Беппу дар ҷануби Ҷопон оғоз ба кор кард.

Таъмини мардум бо оби ошомиданӣ, дастрасӣ ба хадамоти санитарӣ, роҳҳои мубориза бо офоти табиӣ дар минтақа аз ҷумлаи масоили аслии мавриди баҳс дар нишасти Беппу ном бурда мешаванд. Дар ин нишасти дурӯза беш аз 300 намоянда аз 49 кишвари минтақа, аз ҷумла раҳбарони кишварҳо, бо шумули раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ва коршиносони масоили саноат ва муҳити зист ширкат доранд.

Сарвазири Ҷопон Ясио Фукуда дар ифтитоҳи анҷумани оби қораи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором гуфт, умедвор аст, аз ин ҳамоиш бо бардошти нирӯманде роҳии нишасти соли ояндаи гурӯҳи Ҷи 8 хоҳад шуд.

Бино бар омори нашркардаи Кумитаи тадорукотии анҷумани оби қораи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, дар ҳоли ҳозир, дар ин қаламрав наздики 700 миллион нафар ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоштаанд. Ҳамин тавр, хадамоти санитариву гигиенӣ барои тақрибан ду миллиард нафари дигар дар қораи Осиё ва Уқёнусия як чизи дастнорасӣ боқӣ мемонад, омадааст дар омори нашркардаи масъулини анҷумани об.

Валиаҳди Ҷопон - шоҳзода Наруҳито, ки дар масъалаи об чандин таҳқиқот анҷом додааст, дар нишасти Беппу гуфта, ки бо он ки дар қораи Осиё 60 дарсади ҷамъияти ҷаҳон ба сар мебарад, танҳо 40 дарсади манобеъи оби сайёра дар ин қора ҷой гирифтааст. Шаҳзода Наруҳито гуфт, авзоъи мавҷуд дар Осиёву Уқёнусия хушбинкунанда нест.

Наруҳито афзуд, дигар мавзӯъи мояи нигаронӣ шумор ва мизони пайомадҳои офоти табиӣ дар ин минтақа аст. Ба ҳисоби шаҳзодаи Ҷопон, 80 дарсад аз ҷамъи офоти табиие, ки иллаташ боришоту тӯфону обхезӣ ва дигар офоти ношӣ аз об аст, дар ҳамин қаламрав рух медиҳанд. Бино бар омори масъулони анҷумани оби Осиёву Уқёнусия, 91 дарсад аз ҷамъи офоти табиие, ки дар тӯли асри гузашта дар ҷаҳон рух додаанд, дар ҳамин қаламрав иттифоқ уфтодааст.

Гармшавии ҷаҳон ва эҳтимоли ба ин далел афзоиш ёфтани мизони обхезиҳову тӯфонҳо ва ҳамин тавр, обшавии пиряхҳои Ҳимолой – як манбаъи умдаи оби Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз дигар масоили мавриди нигарониҳои коршиносони муҳити зист дар Осиёву Уқёнусия буда, қарор аст, дар нишасти Беппу ба ин масоил низ бипардозанд.

Нахустин анҷумани оби қораи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рӯзи 4 декабр ба кори худ поён хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG