Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон - сарвари САҲА дар соли 2010


Марат Тажин - вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар нишасти САҲА дар Мадрид
Марат Тажин - вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар нишасти САҲА дар Мадрид

Қазоқистон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ аввалин шуда ба садорати даврии САҲА дар соли 2010 даст ёфт.

Ин тасмимро, ки дар Мадрид - пойтахти Испания дар ҷаласаи созмон гирифта шуд, Қазоқистон чун комёбии дипломатияи кишвар арзёбӣ намуд. Зеро дар ин масъала Қазоқистон - Литва барин кишвари дигари собиқи шӯравиро, ки аз нигоҳи демократӣ пешрафтатар маҳсуб мегардад, ақиб партофт.

Ҳамакнун, тибқи тасмими созмон ин кишвари назди Балтик дар соли 2011 сарвари САҲА мешавад. Дар соли 2009, ки барои дар ин сол сарвари созмон шудан Қазоқистон талош мекард, раисии САҲА-ро кишвари Юнон бар дӯш хоҳад гирифт.

Ин тасмими ҷаласаи САҲА-ро Камол Бурҳонов яке аз фаъолони ҳизби ҳокими «Нуротан» чун эътирофи рушди демократия дар Қазоқистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ донист. Вале намояндагони мухолифин ва бархе аз коршиносони мустақил бар инанд, ки ин ниҳоди босалоҳияти байналмилалӣ на ба вазъи демократия ва озодиҳои инсон дар Қазоқистон, балки бештар ба захоири табии ин кишвар ва суди он барои Ғарб такя кардааст. Серикболсин Абдилдин - раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон мегӯяд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бисёр масоили дигарро низ бо роҳи тиҷорат ҳал мекунад.

Чунин тасмими САҲА-ро сиёсатмадор Толен Тӯхтасинов як нав созиши созмон бо Қазоқистон ва дигар кишварҳои собиқи Шӯравӣ медонад ва илова мекунад, ки он посухест ба шарту таҳдидҳои бархе аз кишварҳо мисли Русия, ки онон бо ирсоли номае таъкид карда буданд, ки агар Қазоқистон сарвари ин созмон баргузида нашавад, онон аз узвияти созмон берун хоҳанд шуд.

Ағлаби коршиносону таҳлилгарон бар ин назаранд, ки таи 5 соле ки Қазоқистон барои дастёбӣ ба сарварии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ талош дошт, дар ин ҷо сарварони мухолифин Замонбек Нурқодилов ва Олтинбек Сарсенбоев кушта шуданд. Галимжон Жакиянов ва чандин нафари дигар аз намояндагони мухолифин маҳкум ба зиндон гардиданд, чанд рӯзномаи мустақил баста шуд.

Аз сӯи дигар, баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки ҳарчанд ҷаласаи САҲА дар назди Қазоқистон ягон мукаллафияте нагузоштааст, вале ба сарварӣ гузида шудан ин кишварро водор месозад, ки минбаъд ба раванди демократӣ ва таъмини озодии инсон таваҷҷӯҳи бештар бидиҳад.

XS
SM
MD
LG