Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ шашумин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Қаҳрамонони Тоҷикистон дар соли 2007
Қаҳрамонони Тоҷикистон дар соли 2007

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода сарфи назар аз натиҷаи ду бозии охирини худ қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2007 гардид.

Ин даста сарфи назар аз натиҷаи ду бозии охирини худ дар сафар (6-уми декабр бо «Парвоз» ва 9-уми декабр бо «Хуҷанд»), пешакӣ ба медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон соҳиб шуд.

«Регар» ТадАЗ дар бозии 18-уми худ бар тими меҳмон – «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 2 пирӯзӣ ба даст овард. Хуршед Маҳмудов се гол ва Аббос Абдуллоев ду гол ба самар расонданд. Ду голи «ХИМА»-ро Ҷамшед Ҳабибуллоев ва Сӯҳроб Ҳамидов вориди дарвозаи тими ғолиб карданд.

Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 18 дидор пирӯз шудааст, бо 54 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 48 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ, ки рӯзи 6-уми декабр дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» баргузор мегардад, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.

Дастаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа - «Тоҷиктелеком» ва «Вахш», ки бо 34-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севвуму чаҳорумро касб кардаанд, муддаъиёни медалҳои биринҷии мусобиқот мебошанд. Соҳиби ҷоизаи севвум дар даври охирин рӯзи 9-уми декабр муайян хоҳад шуд. Дар ин рӯз «Тоҷиктелеком» дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш» бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунанд.

«ХИМА», ки бо 30 имтиёз дар ҷои панҷум аст, дар даври охирин дар ноҳияи Панҷ бо «Саройкамар» зӯрозмоӣ хоҳад кард. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеъи «ХИМА»-ро дар ҷадвал тағйир нахоҳад дод. Ва аммо ҳисоби мусовӣ ё пирӯзӣ дар ин дидор ба «Саройкамар» имкон медиҳад, ки аз зинаи охирин – 11-ум ба ҷои даҳум барояд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст:

1«Регар» ТадАЗ 54 имтиёз 18 бозӣ
2«Парвоз»4819
3«Тоҷиктелеком»3419
4«Вахш»3419
5«ХИМА»3019
6«Хуҷанд»2619
7CSKA «Помир»2220
8«Динамо»2219
9«Энергетик»1819
10«Гвардия»620
11«Саройкамар»619

XS
SM
MD
LG