Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши сарони кишварҳои Халиҷ


Вазорати умури хориҷаи Эрон таъйид кард, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти сарони кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкориҳои кишварҳои халиҷ ширкат хоҳад кард. То кунун ҳеҷ раиси ҷумҳури Ирон дар нишасти сарони кишварҳои арабии узви шӯрои мазкур ҳузур наёфтааст. Иҷлоси сарони кишварҳои узви шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ имрӯзу фардо дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар баргузор мешавад. Бар изофаи Қатар, ба ин шӯро Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Уммон шомиланд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ирон иҷлоси мазкурро як рӯйдоди муҳиме номидааст, ки ба гуфтаи вай метавонад, ҳамкориҳои тамоми кишварҳои Халиҷи Форсро тақвият бахшад.

XS
SM
MD
LG