Пайвандҳои дастрасӣ

Русияи Воҳид дар интихобот пирӯз шуд


Куммисиёни Марказии Интихоботи Русия баъди шумурдани 47 дар сади раъйҳо эълом кард, ки бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонӣ ҳизби раиси ҷумҳур Владимир Путин Ҳизби Русияи Воҳид 63 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва дар интихобот пирӯз шудааст.
Ҳизби Коммунисти Русия бештар аз ёздаҳуним дар сади раъйҳоро аз они худ кардааст ва ду ҳизби дигар Ҳизби Либерал Демократи Владимир Жириновский ва Ҳизби Русияи Боадолат барои ворид шудан ба порлумон раъйи кофии тарафдоронашро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG