Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуншиканӣ дар интихоботи Русия мушоҳида шуд


Бино ба гузоришҳои расида, дар интихоботи Думои Давлатии Русия нақзи қонунҳои интихоботӣ мушоҳида шудааст. Ожонси мустақили дидбон бо номи "Голос" гуфтааст, дар бораи бо ришва харидани рай ва таблиғоти мухолифи қонун гузоришҳо гирифтааст. Аҳзоби мухолиф мегуянд, Ҳизби "Единая Россия" аз иртиботи худ бо Кохи Кремл истифода мекунад ва матбуъот ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб таблиғот мебарад. Геннадий Зюганов-раиси ҳизби Куммунисти Руссия дар бораи қонуншиканиҳо чунин мегуяд:
"Ба назари ман, ин мушкилтарин интихобот, касифтарин ва бидуни масъулият буд. Агар дар давраи Елтсин ду роҳи ба даст овардани раъй вуҷуд дошт, яъне тарсондан ва ислоҳ кардани протоколҳо, вале имрӯз дастикам 15 навъ фиреби интихобкунандагон вуҷуд дорад".
Ҳизбҳои дигари сиёсӣ низ аз наҳваи радиҳӣ интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG