Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамаркузи нируҳои Туркия дар марз бо шимоли Ироқ


Артиши Туркия мегуяд, ки бар зидди як гуруҳи 50 нафарии шуришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей дар шимоли Ироқ амалиёти фаромарзӣ анҷом додааст. Ба гуруҳи шуришиён талафоти сангин ворид омадааст. бино ба хабари ин манбаъ, дар амалиёт аз оташи тупхона ва ҳимояти нируҳои ҳавоӣ истифода кардаанд. Дар имтидоди марзи Туркия ва шимоли Ироқ ҳудуди сад ҳазор нафар нируҳои Туркия муттамарказ шудаанд ва аз онҳо тонкҳову тупхона ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG