Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райдиҳӣ дар интихоботи Русия идома дорад


Райдиҳӣ дар интихоботи Думои Давлатии Руссия идома дорад. Назархоҳиҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ҳизби "Единая Россия"-и Влодимир Путин-раиси ҷумҳурии ин кишвар дар ин интихобот аксари ороро ба даст хоҳад овард. Влодимир Чуров-раиси Кумиссюни Марказии Интихоботии Руссия гуфтааст, дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ширкати интихобкунадагон дар райдиҳӣ нисбат ба интихоботи соли 2003 бештар будааст. Масалан, се соъат то баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ дар минтақаи Чукотка 73 дарсад дар интихобот ширкат кардаанд. Аҳзоби мухолиф мегуянд, Ҳизби "Единая Россия" аз иртиботи худ бо Кохи Кремл истифода мекунад ва матбуъот ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб таблиғот мебарад.
XS
SM
MD
LG