Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш кишвари бузурги ҷаҳон ва Ирон


Шаш кишвари нируманди ҷаҳон, яъне Чину Фаронса, Руссияву Амрико ва Бритонёву Олмон дар Пориси Фаронса барномаҳои ҳастаии Иронро баррасӣ мекунанд. Ин нишаст дар ҳоле анҷом мегирад, ки як рузи пеш Ховиер Солоно-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Ирон дар Лондон мулоқот анҷом дод. Оқои Солоно мулоқот бо Ҷалилиро дилсардкунанда арзёбӣ кард. Ҳоло Амрикову Бритонё ва Фаонса мехоҳанд бар зидди Ирон қатъномаи севвуми таҳримҳои Шурои Амният содир шавад, зеро Ирон натавонистааст, уҳдадориҳои худро дар бораи муттаваққиф сохтани ғанисозии урониюм иҷро кунад. Вале Чин ва Руссия-аъзои доимии Шурои Амният ба он шак доранд.
XS
SM
MD
LG