Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дустони азиз ин навбат мо бо ҳам ба сафари ноҳияҳо набаромада, аммо якҷо ба вазъи густариши спид дар кишвар назаре меандозем.

Ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардани мо беасос нест. 1 декабр дар тамоми ҷаҳон чун рӯзи байнулмилалии мубориза алайҳи спид қайд мешавад. Дар ҳамин ҳол ҷомеъаи ҷаҳониро суръати бенизоми афзоиши сиротяёбӣ ба ин вирус нигарон кардааст. Соли 2007 дар ҷаҳон беш аз 33 милиён нафарони гирифтори ин беморӣ будаанд, ки аз онҳо 2,5 милиён нафар беморони нав мебошанд. Аз ин шумор 2,1 милиоён нафар аз спид вафот кардаанд.

Ба итилоъи маркази мубориза бо спид дар Тоҷикистон, ҳодисаҳои олуда гаштани одамон ба вируси HIV (спид) тариқи робитаҳои ҷинсӣ 2 маротиба афзуда, ба беш аз 18 дарсад расидааст. Ҳамчунин боиси нигаронӣ аст, ки ҳолатҳои аз модар ба кудак гузаштани вирус низ ба маротиб афзудааст. Тибқи омори расмӣ, феълан дар кишвар 872 нафар сироятёфта ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти коршиносон, шумори воқеъии сироятёфтагон то ба 10 000 нафар мерасад. Гуфта мешавад, ҳудуди 90 дарсади сироятшудагон аз 2 то 29 сол доранд. Дар маҷмуъ 80 нафар аз мубталоёни сабти ном гашта то имрӯз аз бемориҳои мухталифи сирояти аз қабили сил ва саратон фавтидаанд.

Аммо ба хотири пешгирии фавти сироятёфтагон ва дароз кардани умри онҳо созмонҳои масъули кишвар бо маблағгузории хазинаи глобалӣ беш аз 114 нафарро ба табобати зидди ретровирусӣ фаро гирифтаанд, ки дар ин миён 3 кудаки то 12-сола низ будааст. Ҳарчанд ба хотири баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба спид созмонҳои зиёд барномаҳои мухталиф роҳандозӣ мекунанд ва мо низ дар барномаи «Ояндасоз» борҳо дар ин мавзуъ суҳбатҳо кардаем, аммо бо вуҷуди ин ҳоло ҳам ба назар мерасад, ки сатҳи итилоъотии ҷавонон дар зинаи паст қарор дорад. Ва инҷо пешниҳод мекунем, ки бори дигар оид ба чӣ будани вируси маъсунияти норасоии бадан ва ҳолатҳо ба марги инсон анҷомидани он суҳбат бикунем. Дар ин бастагӣ мо бо Севара Комилова, Резвон Ҷураева, кормандони созмони «Гули сурх», ва Азиза Пирова, номзади улуми тиб, ва ҳамчунин ҷавонони пойтахт суҳбат доштем.

Дустони азиз, дар ин барнома мо ба шумо як ҷавонеро муаррифӣ мекунем, ки бо амри тақдир олудаи вируси спид шудаст. Ин ҷавон Фирдавс ном дорад ва ӯро чун як ҷавони боҷасорат муаррифӣ кардан мумкин аст, зеро ӯ, ба фарқ аз дигар ҳамтоёнаш наҳаросида, оид ба рӯзгор ва мушкилоти худу ҳамқисматонаш садо баланд кард. Фирдавс низ бо кумаки табобати зидди ретровирусӣ ба ҳаёти солим баргаштааст. Фирдавс мегуяд, як иллати пинҳон ва ҳатто аз табобат даст кашидани аксари сироятёфтагон муносибати бади атрофиён нисбат ба мубталоёни вируси HIV аст, ки бо ошкор кардани шахсияти бемор онҳоро радди маърака ва мавриди таҳқир, хушунат ва ҳатто таҳдид қарор дода, ба нақзи ҳуқуқи онҳо роҳ медиҳанд.

Гарчанде пеш ба гуруҳи хатарзо ғолибан муътодони маводи мухаддир ва танфурушон шомил мешуданд, имсол, ба назари коршиносон, иддае занони хонанишин низ ба ин гуруҳ дохил шудаанд. Зеро вируси масунияти норасоии баданд барои онҳо туҳфаи сафари шавҳарони муҳоҷирашон аст. Севара Комилова мегуяд, аксари ин ҷавонзанон, ки машғули тарбияи фарзандон ва кори хона ҳатто фурсати ба кори ғайр даст заданро надоранд, олудаи спид шудаанд. Аз ин хотир бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши олудашавӣ ба вирус баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва пешгирии нақзи ҳуқуқи мубталоён созмонҳои дохилӣ ва байнулмилалии зиддахл мехоҳанд аз кумаки ходимони дин истифода баранд. Зеро беш аз 90 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон пайравони дини ислом маҳсуб ёфта, ҷавонон ба дин эътиқоди зиёд доранд.

Коршиносон мегуянд, аз оне, ки ҷавонон ба дин эътиқоди зиёд доранд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати онҳо дар масоҷид ба руҳу равонашон муассир хоҳад буд. Зеро тибқи маъмул ба вижа дар намози ҷумъа садҳо ҷавонон барои шунидани вазъи имомхатибон ба масоҷид меоянд ва баъдан дар онҷо намоз мегузоранд. Коршиносон бар он назаранд, ки дар сурати роҳандозии мубориза алайҳи ин маризи ба воситаи дини ислом аҳолӣ паёмадҳои густариши вирусро боз ҳам ҷиддӣ қабул хоҳанд кард.

Бо ин ҳадаф дар шаҳри Душанбе бо иштироки ходимони дин аз тамоми манотиқи кишвар ва созмонҳои ҷамъиятӣ, конфронси «ислом алайҳи спид мубориза мебарад» баргузор гардид ва мо дар ин кнфронс бо чанде аз имомхатибҳо ва кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ суҳбат доштем. Ин буд фишурдаи барномаи «Ояндасоз» дар бастагӣ ба мавзуъи HIV ва шуморо ба шунидани барнома даъват мекунем. (Барои шунидани ин барнома ишораи аудиоро пхаш кунед).

Хуб, дӯстони азиз, агар дар бораи барномаи «Ояндасоз» ибрози назар кардан хоҳед, лутфан, ба мо нависед. Ва ё барномаҳои сафарии моро ба кадом ноҳия ва оид ба кадом паҳлуҳои рӯзгори ҷавонони минтақаҳо шунидан мехоҳед, метавонед ибрози назар кунед. Пешниҳод ва назари шумо барои рушд ва беҳбуд ёфтани барномаи худи шумо - «Ояндасоз» мусоидат хоҳад кард.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG