Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1-уми декабр – ва барфи аввалин дар Душанбе


Барфи нахустини имсола дар Душанбе

Барфи нахустини имсола дар Душанбе

Шаби нахустини зимистон, яъне 1-уми декабр, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ғайри чашмдошти сокинони он барф борид.

Шоми дирӯз якбора ҳавои Душанбешаҳр сард (+3) гашта, наздики соати 24 борони сард ба боридан сар кард ва дар ҳудуди соати 3-и шаби 1-уми декабр он ба барф мубаддал гашт. Вақте ки сокинони аз хоб бедоршудаи пойтахт субҳ аз тирезаҳо ба берун нигаристанд, ба ҳайрат афтоданд: шаҳр аз барфи навборида қабои сафед ба бар карда, симои дигаре гирифта буд.
Ҳарчанд калонсолон аз ин атои табиъат хушнуд нагаштанд, вале манзараи ҳақиқатан зимистонӣ кӯдакону наврасонро ба ваҷд оварду онҳо хӯрдани субҳонаро нася гузошта, ба кӯча рехтанд. Барфбозиву бобои барфисозӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар наврасонеро, ки барояшон, хушбахтона, имрӯзи шанбе мактаб таътил буд, хеле хушҳол намуда буд.

Вале аксари волидайни онҳо ҷиҳати таҳияи рӯзии аҳли байташон маҷбур буданд, ки ба ҳавои сард нигоҳ накарда, чун ҳамеша дунболи кор раванд.

Марбут ба боридани барфи нахустин 10-15 сол пеш дар байни мардуми тоҷик расму ойинҳои хоссае, ба монмнди "барфинависӣ", роиҷ буд. Вале, ба қавли худи мардум, бино бар душвор гардидани вазъи иҷтимоъӣ дар кишвар ин ойин аз байн рафтааст. Акнун касе баъди боридани барфи нахустин "Барфӣ" наменависад ва онро ба дасти аввалин ҳамсояву дӯсти рӯбарӯшудааш намедиҳад, чун медонад, ки дар шароити кунунӣ касе хушнуд гаштаву дархостҳои дар он навишташударо барояш муҳайё намекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи мутахассисони ҳавошинос, дар ин рӯз чандин сол боз дар пойтахти Тоҷикистон барф наборида буд
























































Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG