Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши филми зидди зуроварӣ ба занон дар Душанбе


Гулчеҳра Мансурова, муаллифи филми «Кори занона?»
Гулчеҳра Мансурова, муаллифи филми «Кори занона?»

Шоми ҷумъа, 30 ноябр, дар Душанбе бахшида ба маъракаи «16 рӯзи амалиёт зидди зӯроварӣ» нахустнамоиши филми «Кори занона?» бо се забон – англисӣ русӣ ва тоҷикӣ баргузор гардид.

Муаллифи филм Гулчеҳра Мансурова ва сарпарасти молии филм Дафтари ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон аст. Филм, ки бо баргузории сӯри арӯсӣ шуруъ мешавад, роҷеъ ба саргузашти талхи чанде аз модарони тоҷик, ки баъди сари шавҳар мавриди хушунат қарор гирифтаанд, қисса мекунад.

Дар оғози филм яке дигар аз анъанаи манфии мардони тоҷик ба навор гирифта шудааст, ки баробари имзо зери номаи издивоҷ ба масал ҳисси моликиятдорӣ нисбат ба занҳо дар ишон зуҳур мекунад. Шаҳмардони ҷавон дигар намехоҳанд, ки зани онҳо кор кунанд.

Зумрае аз қаҳрамонҳои филм азоби алими зӯроварӣ мебинанд, ва даст ба худкушӣ мезананд. Раҳоӣ аз вартаро худи занҳо, ки дар зиндагонии сангинтар аз пиндор муваффақ шудаанд, дар заҳмати пайгирона, донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, кордонӣ, тиҷорат ва огаҳӣ аз иқтисоди ҷадид мебинанд.

Давлатпошо Атоева яке аз дигар занҳои муваффақ аст, ки пас аз муҳоҷирати иҷборӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳибкорӣ даст задааст ва имрӯз низ чанд сехи хурди истеҳсоли консерва ва хоҷагии фермерӣ дорад ва даҳҳо зани бевамондаи дигарро ба масал нон медиҳад.

Гулчеҳра Мансурова, муаллифи филмнома, гуфт, пас аз ду моҳи сабти навори филм гурӯҳи корӣ ахиран ба хулосае омадааст, ки роҳи раҳоӣ аз вартаи хушунати хонаводагӣ ва рӯзгори сангини иҷтимоъӣ ин таблиғи фаъолияти занҳои муваффақ аст, то дигар бонувон пайгири онҳо гарданд.

Воқеан ҳам филм тазодномаи зиндагонии бонувонест, ки пайваста аз ситами шавҳару хушдоман шиква доранд ва теъдоди онҳо хеле зиёд аст ва зиндагиномаи занҳоест, ки дастболоанд ва риск кардаву қарзҳои бонкӣ гирифтаву ба соҳибкорӣ даст задаанд. Ва риски ишон имрӯз самар овардааст.

«Кори занона» севвумин филми Гулчеҳра Мансурова аст, ки дар ду соли ахир рӯи навор омадааст. Ду филми қаблӣ - «Амалиёти мина» ва «Замони донишандӯзӣ» ба мушкили майдонҳои минакӯбшуда касбомӯзии занҳои тоҷик бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG