Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори бобои Самӣ ва бобои Чарлз баъди 62 сол


Пас аз 62 сол як собиқадори Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон ба дидори як наҷотбахши амрикоии худ расид, ки ӯро аз чанги сарбозони Олмони фашистӣ раҳо кардааст.


Самӣ Ҷалилов, собиқадори 82-сола аз шаҳри Хуҷанд, бо Чарлз Редфорди 84-сола аз шаҳри Гленвуди аёлати Айоваи Амрико дар ресторане дар шаҳри Омаҳаи Амрико аз саргузаштҳояшонро ба ҳамдигар нақл карданд, ки чӣ гуна ҳангоми хидмат барои кишварҳояшон метавонистанд, нобуд шаванд. Ҳар ду нафар бар асари таркиш ҷароҳат бардоштаанд, ҳар ду моҳҳо аз гуруснагиву сардӣ ва раҳпаймоиҳои беохир азобу машаққат кашидаанд.

Ҳар ду дар Итолиё қариб ҷон додаанд. Самӣ Ҷалиловро дивизияи 34-уми Амрико аз асорати сарбозони Олмон озод кард, ки дар он воҳиди низомӣ Чарл Редфорд хидмат дошт. Ҳарду дар ресторан нақл мекарданд, ки чӣ гуна азобҳои тоқатшиканро паси сар гузоштанд ва акнун сарнавишт онҳоро пас аз 6 даҳсола боз ба ҳам овард.

Самӣ Ҷалиловро, дар ин мулоқот набераи тарҷумонаш ҳамроҳӣ мекард ва суханони бобояшро барои Чарлз Редфорд ба англисӣ бармегардонд. Бобои Самӣ ба Чарлз Редфорд гуфтааст, ки бе кӯмаки дивизияи онҳо ҳоло Бобои Самӣ дар ҳаёт набуд ва бо як сарбози дивизия ҳам дар Амрико мулоқот намекард. Вай дар артиши шӯравии собиқ ба ҳайси сержант хидмат карда ва дар набардҳои Қрим ва ҷумҳурии собиқи Чехословакия ширкат доштааст. Дар ҷангҳои мудҳиши инҷо бар асари таркиши бомбе аз ҳуш меравад ва сарбозони Олмон ӯро асир гирифта ба лагери Освенцим ва Аушвиз мебаранд, ки дар ин урдугоҳ миллионҳо нафар яҳудиён ва асирони дигар қатл шудаанд.

Баъди озод кардани ин урдугоҳ аз тарафи нерӯҳои муттаҳид, сарбозони Олмон бобои Самӣ ва ҳазорон асири дигарро пойи пиёда ба Итолиё бурданд, ки дар роҳ аксарияти асирон ҷон доданд. Ва дар ниҳоят сарбозони амрикоӣ Самӣ Ҷалилови нимҷону лоғарро бо гурӯҳи хурди бозмондагон дар шаҳри Брескиа озод карданд.

Бобои Самӣ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ рӯзҳои шифо ёфтан дар бемористони низомии Амрикоро аз ёд набурдааст. Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистони шӯравӣ Бобои Самӣ дар фикри он будааст, ки чӣ гуна ба наҷотбахшонаш изҳори сипос кунад, вале дигар ин ғайриимкон буд. Зеро баъди хатми Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ҷанги сард оғоз шуда ва сухан гуфтан доир ба Амрико дар шӯравии собиқ кори хуб дониста намешуд.

Наҷотбахши Бобои Самӣ Чарлз Редфорд низ рӯзҳои сиёҳеро дидааст. Ӯ нақл мекунад, ки чӣ гуна дар шароити тарсноке ҷанг мекарданд. Ӯ акси ҷароҳати баданашро нишон дода ва нақл мекунад, ки чӣ гуна тиккаи тир ба гарданаш зад ва ӯро аз пой афканд.

Чарл Редфорд мегӯяд, фикр кард, ки гӯё дигар зинда нест, вале пас аз моҳҳо табобат ӯро дигарбора ба пой хезонданд. Мулоқоти ин ду собиқадори ҷангро Донишгоҳи Омаҳаи махсуси Ҳолокост ташкил кардааст ва бобои Самӣ мегӯяд, бисёр муҳим аст, то насли ҷавон дониш андӯзанд ва дигар фоҷиаҳое ба мисли Ҳолокост такрор нашаванд ва нафрат ба якдигар, найрангҳои сиёсӣ ва ҷангҳо аз байн раванд.
XS
SM
MD
LG