Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трепашкин озод шуд


Михаил Трепашкин, собиқ полковники Хадамоти федеролии амнияти Русия баъди раҳоӣ аз маҳбас изҳор намуд, ки барои комилан сафед шудан талош хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъди тарки зиндон ӯ гуфт, ки мавзӯъи поймолшавии ҳуқуқҳои маҳбусон дар зиндонҳоро ба миён мегузорад, зеро дар ин мавзӯъ далели фаровон ҷамъ овардааст.

Михаил Трепашкин, ки ба тафтиши парвандаи таркиши биноҳои иқоматӣ дар Маскав ва Волгодонск машғул буд, соли 2004 аз сӯи додгоҳи низомӣ бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.

XS
SM
MD
LG