Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана ва Ҷалилӣ дар Лондон музокирот мекунанд


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар мавзӯъи қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон музокирот анҷом хоҳанд дод. Гуфтушунид миёни масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солана ва раҳбари ҳайати Эрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар Сайид Ҷалилӣ дар Лондон баргузор мешавад. Дар арафаи нишаст Дэвид Мелибанд, вазири хориҷаи Британия бо хушбинӣ гуфт, ки ҷонибҳо ба тавофуқи муҳим хоҳанд расид. Ва аммо бегаҳи дирӯз ҳамтои эронии ӯ Манчеҳр Муттакӣ изҳор намуд, ки ягон чиз Теҳронро аз роҳи дарёфти неруи ҳастаӣ барнамегардонад.

Дар ҳамин ҳол интизор меравад фардо, рӯзи 1 декабр, ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ба изофаи Олмон низ дар Париж масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кунанд. Иёлоти Муттаҳида, Британия, Фаронса ва Олмон барои қабули қатъномаи сеюм ва шадидтари Шӯрои амнияти СММ ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон пофишорӣ мекунанд ва аммо Русия ва Чин мухолифи таҳримҳои нав болои Эронанд.

XS
SM
MD
LG