Пайвандҳои дастрасӣ

"Имом Хумайнӣ" ба занони хатлонӣ касб меомӯзад


Намояндагии дар Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон будаи «Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ» як лоиҳаи марказҳои касбомӯзӣ барои заноне, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ саробонҳои худро аз даст додаанд, роҳандозӣ кард.

Ба гуфтаи Бекмурод Раҳимов, масъули «Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ» дар ин шаҳр, барои таъсиси маркази омӯзиши дузандагӣ феълан 12 чархаи хайётӣ дастрас шудааст, ки дар яке аз синфхонаҳои омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 9-и Қурғонтеппа насб хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ҷониби кумитаи мазкур барои занони касбомӯз ҳаққи роҳкиро ва дигир кумакҳо ироъа хоҳанд гашт.
Давраҳои омӯзишӣ дар ин марказ се моҳро идома карда, ба хатмкунандагони муваффақ диплом дода мешавад.
Қаблан аз ҷониби «Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ» чунин як марказ дар ноҳияи Шаҳритус кушода шуда буд, ки дар ҳоли ҳозир дар он 20 нафар духтарони бесаробон ба омӯзиши касби хайётӣ машғуланд.
Ба гуфтаи Бекмурод Раҳимов, барои ин қишри ҷомиъа ҳамчунин омӯзиши компютер дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол феълан беш аз 9000 занони танҳо ё бесаробон аз кумаки ин кумита баҳра мебаранд.
XS
SM
MD
LG