Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои таҳқири Паёмбари Ислом


Ҳукумати Британия имрӯз талошҳои дипломатӣ барои аз маҳбаси Судон раҳо кардани як омӯзгори кишварро идома хоҳад дод. Ахиран додгоҳи Судон Ҷулиан Ҷибонс - як омӯзгори мактабро бо иттиҳоми таҳқири Ислом ва Паёмбари он ба 15 рӯзи зиндон ва ихроҷ аз Судон маҳкум кард. Ҷибонс панҷ рӯз пеш баъди он боздошт шуд, ки волидайни толибилмон аз болои ӯ барои таҳқири номи поки Паёмбари Ислом шикоят карданд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми дарс Ҷулиан Ҷибонс аз толибилмони хурдсол хоҳиш кардааст, ки ба як уштурак ном гузоранд ва онҳо номи Муҳаммадро интихоб намуданд.

XS
SM
MD
LG