Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Австралия неруҳояшро аз Ироқ берун мекунад


Мақомоти Австралия дар бораи то нимаҳои соли оянда аз Ироқ берун кашидани 550 низомии кишвар тасмим гирифтанд. Дар ин бора имрӯз сарвазири нави кишвар Кевин Радд хабар дод. Кевин Радд раиси ҳизби кори Австралия аст, ки ахиран дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд.

Хуруҷи низомиён аз Ироқ – яке аз нуктаҳои аслии барномаи интихоботии ҳизби кор буд. Ҳамзамон сарвазири нави Австралия гуфт, Ироқро фақат неруҳои ҷангии кишвар тарк мекунанд. Ба ҳайати эътилофи байнулмилалӣ дар Ироқ яку ним ҳазор афсарону сарбозон аз Австралия шомиланд.

XS
SM
MD
LG