Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукуматҳои дарозумри Осиёи Марказӣ


Ҳоло дар бархе аз кишварҳои шӯравии пешин - Русияву Қирғизистон ва Ӯзбакистону Гурҷистон омодагиҳо барои баргузории маъракаҳои интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Зоҳиран ин интихоботҳо шароит ва имконияти ширкати мустақими мардум дар интихоби раисҷумҳур ва ё порлумони кишварҳоро фароҳам кардааст. Шароит ва имкониятеро, ки дар замони шӯравӣ тақрибан, ки ба мушоҳида намерасид. Зеро он замон идораи давлат танҳо ба воситаи Бюрои сиёсии Ҳизби коммунист сурат мегирифт.

Аммо ба эътиқоди коршиносон, бо гузашти беш аз 16 сол аз замони фурӯпошии шӯравӣ, дар аксари кишварҳои ин қаламрав ва махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, новобаста аз эътирофи усули демократии ташкили ҳукумат, яъне, баргузории интихоботҳо ба манзури таъсиси ҳукумат бар пояи ирода ва раъйи мардум, ҳукуматҳо тақрибан иваз нашудаанд. Баръакс, дар бисёре аз ин кишварҳо ҳукуматҳое, ки мавҷуд буданд, ба қудратҳои сиёсии мудомулумр табдил ёфтанд ва усулу шароит ва имконоти демократии ташкили ҳукуматро низ барои бақои худ истифода карданд.

Нашри навбатии маҷаллаи сиёсии «Чашмандоз» низ ба ҳамин мавзӯъ, яъне, ҳукуматҳои меросӣ ва ивазнашавандаи густураи шӯравии пешин бахшида шудааст.

Борис Елсин нахустин президенти мунтахаби Русия қабл аз анҷоми мӯҳлати дуввуми раёсати ҷумҳурии худ истеъфо дода шароит ва имконоту захоири ҳукумати Русияро ба дасти Владимир Путин, сарвазири вақти ин кишвар вогузошт. Владимир Путин дар ҳоле вориди маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва яке аз муддаиёни ин курсӣ шуд, ки иҷрокунандаи вазифаи президентӣ ҳам буд. Яъне, Елсин гӯиё бо роҳи қонунӣ шароити ба мерос гузоштани мансаби олии давлатро ба нафари мақбули худ фароҳам кард.

Ҳоло Владимир Путин - раисҷумҳури Русия, ки мӯҳлати раёсаташ ба поён мерасад, низ талош дорад, аз ҳамин шева кор бигирад ва зимоми давлатро ба нафаре бисупорад, ки равиши ӯро идома бидиҳад. Дар ҳар сурат, баъди рафтанаш аз сари қудрат Борис Елсин дигар андеша ва ё талоши баргаштан ба саҳнаи сиёсиро накард ва боқии умрро ҳамчун бознишаста дар бӯстонсарое, ки дар канори Маскав дар ихтиёраш гузошта буданд, ба сар бурд. Аммо суоли матраҳ акнун ин аст, ки Владимир Путин - меросбари Елсин ҳукуматро чи гуна ва барои кӣ мерос мегузорад ва оё бо хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш ҳузури вай дар саҳнаи сиёсӣ ҳифз мешавад ё хайр? Ва оё интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ дар ин кишвар ҳукумати наверо рӯи кор хоҳад овард? Ин суолҳоро ҳамкорам Зулфиқори Исмоилиён дар гузориши худ матраҳ кардааст, ки метавонед дар барнома бишнавед.

Аммо Осиёи Марказӣ:

Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Ӯзбакистон ва Тоҷикистон роҳбарони давлатҳо новобаста аз баргузории чандин навбати интихобот дар давоми 15 – 20 соли ахир иваз нашуданд. Президенти собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов қарори маълум президенти якумрӣ эълон шуда буд ва танҳо канда шудани риштаи умраш ба ҳукумати 21-солаи ӯ бар ин кишвари газу нафтхези минтақа нуқтаи таммат гузошт. Ва Аскар Оқоев - раисҷумҳури пешини Қирғизистон низ баъди 16 соли раҳбариаш танҳо тавассути инқилоби рангаӣ ва таҳти фишори издиҳоми мухолифин маҷбур шуд, аз мақомаш канор равад.

Дар ҳамин ҳол, Ислом Каримов - раисҷумҳури Ӯзбакистон, ки аз соли 1989 ба ин сӯ зимоми қудратро дар даст дорад, аз муддаиёни аслии ин курсӣ дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон аст, ки ин маърака дар моҳи декабр баргузор хоҳад шуд. Насибҷон Амонӣ аз Алмаато гузорише омода кардааст, ки иллати аслии тағйир наёфтани роҳбарон ва ҳукуматҳо дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Аммо ба фарқ аз кишварҳои шӯравии пешин, дар мамолики аврупоӣ ҳатто пешрафти ниҳоят бузург ва комёбиҳои беназир низ сабаб ё баҳонаи тамдиди мӯҳлати раҳбарӣ шуда наметавонистааст. Ҳам роҳбари давлат, ҳам ҳукумат ва ҳам порлумон бо хатми замони маъмурият, ки қонуни асосӣ муқаррар мекунад, дар асоси интихобот иваз хоҳанд шуд. Ва табдили қудрат дар чаҳорчӯбаи муқарраркардаи қонун ба таври ҳатмӣ сурат мегирад. Ин суннат ва арзиши аслии низоми мардумсолорӣ дониста мешавад, ки ҳукуматҳо онро муроот мекунанд.

Ба истилоҳи маъруфи Винстон Черчилл, сарвазири Бритониё, дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон, «демократия чизи хубу хушоянде нест, вале мутаассифона, инсоният то ҳол низоми аз ин беҳтаре кашф накардааст». Шароити тағйири қудрати сиёсӣ дар кишварҳои ғарбиро ҳамкорам Сайидқосими Қиёмпур дар гузорише ба баррасӣ гирифтааст, ки метавонед дар барнома бишнавед.

Дар Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ дар соли 2003 Эмомалӣ Раҳмон шароит пайдо кард, ки барои маротибаи саввум ба ин мақом интихоб шавад. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 инҷониб раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, бар асоси тағйироти воридшуда ҳаққ пайдо кардааст, дар ин мақом то соли 2020 боқӣ бимонад. Яъне, маҷмӯъан барои 28 сол. Мунаққидони оқои Раҳмон ин иқдоми ӯро муғойир бо арзишҳои демократӣ арзёбӣ карданд, аммо мубаллиғон ва ҷонибдорони ӯ бар ин боваранд, ки нафари дигаре муносибтар аз ӯ ба ин мақом дар саҳна вуҷуд надорад. Пайёмадҳои интихоби батакрори оқои Раҳмон ва тағйироти ҷузъии ҳукумати ӯ дар ин муддат дар гузориши ҳамкорам Раҳматкарими Давлат таҳлил шудааст. Ин гузориш ва ин барномаро метавонед бо пахши рамзи радио дар тарафи рости сомона бишнавед. Аз ҷумла, дар ин барнома мусоҳибае бо Шодӣ Шабдолов - вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси коммунистони тоҷик низ қобили шунидан аст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG