Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати занг ба телефони мобил гарон мешавад


Шурӯъ аз 1-уми декабр қимати тамос аз телефонҳои маъмулӣ ба телефонҳои ҳамроҳ беш аз ҳашт маротиба зиёд мешавад.

Акнун сокинони Тоҷикистон барои як дақиқаи занги баромад аз телефони одӣ ба мобил, ба ҷои пешина 2 дирам – 16,5 дирам пардохт хоҳанд кард.

Абдулкарим Ҳакимов, сардори идораи шабакаҳои телефонии Хуҷанд, дар шарҳи ин иқдоми «Тоҷиктелеком» гуфт, боло бурдани арзиши зангҳои баромад ба рақамҳои телефонҳои мобил бо тақозои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки аз «Тоҷиктелеком» пардохти ҳаққи зангҳои баромад ба рақамҳои мобилиро талаб кардаанд. Аммо ба гуфтаи вай, аз ин кор муасссисаҳои «Тоҷиктелеком» зиёд суди молӣ намебардорад.

Оқои Ҳакимов гуфт, ки нархи нав ҳамчунин ба зангҳои баромад аз рақамҳои «Тоҷиктелефон» ба шабакаҳои дигари телефонии Тоҷикистон, назири «Интерком» ва «Коминтел» ҷорӣ шудааст.

Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон ба ҷузъ «Тоҷиктелеком» боз 14 ширкати дигар ба мизоҷон хидмати алоқаи мобилӣ ва оддии телефонӣ ироа мекунанд.

Ӯ афзуд, дар ин иртибот идораи муассисаи шабакаи телефонии Суғд аз ҳама муштариёнаш тақозо кардааст, то аввали моҳи декабр бо муассисаи мазкур аз нав қарордод имзо кунанд. Дар акси ҳол, аз занг задан ба телефонҳои мобили аз телефонҳои оддӣ маҳрум хоҳанд гашт.

Дар ҳамин ҳол, эълони 8 баробар баланд бурдани арзиши зангҳои баромад аз телефонҳои оддӣ ба мобил нигаронии сокинони Суғдро ба бор овардааст. Сокинон мегуянд, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 20 сомонӣ ва нафақаҳои оддӣ аз 20 то 40 сомонӣ аст, ин нархи нав барои зангҳои телефонӣ барояшон хеле гарон аст ва имкони пардохти онро надоранд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо ҷорӣ шудани нархи нави зангҳои баромад аз телефони оддӣ ба мобил, эҳтимол дорад, теьдоди муайяне аз сокинон аз хадамоти занг ба мобил даст кашанд.

XS
SM
MD
LG