Пайвандҳои дастрасӣ

«СПИД-ро боздорем. Ба ваъда вафо намоем»


Имрӯз дар Душанбе қарор аст ҳамоише бо номи «СПИД-ро боздорем. Ба ваъда вафо намоем» дар чаҳорчӯби маъракаҳои имсолаи иқдомот алайҳи ин маризӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ҳамзамон масъулини созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии марбут ба мубориза алайҳи СПИД ё ЭЙДЗ барои расонаҳои гурӯҳӣ нишасти хабарӣ доир хоҳанд кард. Дирӯз дар Кохи Ҷомии Душанбе намоиши филмҳо дар мавзӯъи ВИЧ СПИД оғоз шуд. Ин иқдомот ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД, ки ба 1-уми декабр рост меояд, бахшида шудааст. Бино бар маълумоти расмӣ, алъон дар дар Тоҷикистон беш аз 870 мубталои СПИД ба сар мебаранд, аммо ниҳодҳои байналмилалӣ ва коршиносон мегӯянд, шумори гиирфторони ин беморӣ то чанд карат афзун будааст.
XS
SM
MD
LG