Пайвандҳои дастрасӣ

Анзоб ва Хобуробод бояд баста шаванд


Ояндаи наздик ағбаҳои Анзоб ва Хобуробод, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимолу шарқи кишвар васл мекунанд, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт баста мешаванд. Ин ағбаҳо аз 3 то 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баланданд ва маъмулан бо фарорасии фасли сармо баста мешаванд. Солҳои гузашта дар моҳи ноябр ҳаракат тариқи ин ағбаҳо мамнӯъ эълом мешуд, аммо имсол биноба ҳавои мусоид ва бебориш истифодаи онҳо ҳанӯз мумкин дониста мешавад. Бо боридани барф ин ағбаҳо баста мешаванд ва ҳаракати нақлиёт ба самти шимол тариқи нақби «Истиқлол» ва ба Бадахшон аз роҳи Кӯлоб-Хоруғ сурат хоҳад гирифт. Ҳаракат ба самти Хуҷанд аз тариқи нақби «Истиқлол», ки 5,5 километр тӯл дорад, метавонад дар ҳама фасли сол анҷом бигирад.

XS
SM
MD
LG