Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд истифодаи нирӯи атфолро дар пахтачинӣ рад кард


Вазири хориҷаи Ӯзбакистон Владимир Норов истифодаи нирӯи кӯдаконро дар чиниши пахтаи ин кишвар рад кард. Изҳороти вай шоми дирӯз дар пайи он нашр шуд, ки чанд ширкат эълон карданд, ки бино ба сабаби истифодаи нирӯи кӯдакон дар саноати пахтапарварии Ӯзбакистон дигар пахтаи ин кившарро харидорӣ намекунанд. Норов гуфт, ки Ӯзбакистон ба шиддат кори кӯдаконро дар майдонҳои пахта рад ва таъкид мекунад, ки ин маълумот зидди Ӯзбакистон равона шуда ҷавобгӯи ҳақиқат нест. Изҳороти мазкур аз ҷониби сафорати Ӯзбакистон дар Эстония нашр шуд, ки яке аз ширкатҳои пахта дар ин ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG