Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари бардурӯғи бомбгузории ҳавопаймо


Шоми 28-ум ба 29-уми ноябр дар фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург парвози хатсайри «Екатеринбург-Душанбе», бинобар расидани хабари бардурӯғи бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо, то 3 соат мавқуф гардид. Ба иттилоъи хабаргузориҳои русӣ, хабари насби майн дар ду ҳавопаймо, ки ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекарданд, соати 22-и шаб расид ва барои тафтиши ҳар яке аз онҳо се соатӣ лозим омад. Ҳавопаймои дуввум қарор буд аз Екатеринбург ба Хуҷанд ва дар фосилаи се соат баъд аз парвоз ба Душанбе бояд сурат мегирифт. Аммо хадамоти бехатарӣ андаруни ҳавопаймоҳо ҳеҷ моддаи тарканда пайдо накарданд, аммо нафаре дарёфт шуд, ки ин хабари бардурӯғро паҳн кардааст. Феълан масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG