Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти САҲА дар Мадрид идома дорад


Имрӯз дар шаҳри Мадрид, пойтахти Испания рӯзи дуюми кории 56 кишвари узви САҲА ҷараён мегирад. Дар нишасти дирӯза Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ба тақвияти бештари ин созмони аврупойӣ даъват карданд. Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар миёни Русияву ИМА танише дар заминаи адами ирсоли нозирони интихоботии САҲА ба Русия пеш омадааст. Дирӯз як мақоми баландпояи амрикойӣ дар суханрониҳояш ба ин мавзӯъ муроҷиат кард. Аммо барои Қазоқистон, ки ҷӯёи курсии раҳбари даврии ин созмон дар соли 2009 будааст, нишасти дирӯза натиҷаҳои нохушоянд ба бор доштааст. Ба эҳтимоли зиёд, аъзои ин созмон баррасии ин мавзӯъро ба солҳои баъдӣ вогузор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG