Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷики мубаллиғи интихоботи Русия боздошт шуд


Дар шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи ғайриқонунӣ ва хилофи яке аз ҳизбҳои сиёсии Русия боздошт шудааст. Ҳуввияти ӯ ҳанӯз норӯшан аст. Кормандони мақомоти интизомӣ мегӯянд, аз дасти ӯ 190 адад варақаи тарғиботи ғайриқонунии пешазинтихоботиро мусодира кардаанд. Теъдоди умумии ин варақаҳо 300 ҳазор нусха буда, ба гуфтаи мақомот, онҳо дорои мазмуни бадбинӣ алайҳи як ҳизби сиёсӣ будаанд. Ҳамин гуна дар пешорӯи интихоботи парлумонии 2-юми декабри Русия чанд тани дигар аз сокинни Петербург боздошт шудаанд, ки варақаҳои пастзанандаи шаъну эътибори номазадҳои аҳзоби гуногунро паҳн мекардаанд.

XS
SM
MD
LG