Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии туризм шуд


Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии туризм ё ҷаҳонгардӣ пазируфта шуд. Ба иттилоъи кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба ҷонибдории ин кишвар 150 давлати узви ин созмон раъй додаанд. Ин раъйдиҳӣ 17-умин иҷлоси Созмони ҷаҳонгардӣ дар Қартаҳен-де Индиаси Колумбия сурат гирифтааст. Созмони ҷаҳонӣ бо дарназардошти дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар риштаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, ин кишварро ба узвият қабул кардааст. Акнун Тоҷикистон метавонад ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии туризм, аз пуштибонии ин ниҳод дар тадбиқи пружаҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ дар риштаи ҷаҳонгардӣ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG