Пайвандҳои дастрасӣ

Интизориҳо аз сафари Раҳмон ба Ҷопон


Дар Душанбе умед доранд, ки нахустин боздиди расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҷопон дар муносиботи ин ду кишвар таҳаввулоте ворид мекунад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд ки Ҷопон ба ин кишвар кӯмакҳои фаровони молию фаннӣ барои тадбиқи тарҳҳои иҷтимоӣ ироа кардааст, аммо ҳанӯз ҳам ин ҳадди ниҳоии равобити ду кишвар нест.

Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбеи 3-юми декабр шурӯъ мешавад, аммо вай фардо ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши нахустини Осиё ва Уқёнусияи Ором, ки ба масоили об марбут аст, вориди Токио хоҳад шуд. Ин ҳамоиш ду рӯз идома мекунад ва дар он суханронии оқои Раҳмон дар назар аст. Дар чаҳорчӯби боздиди расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҷопон дидору мулоқоти ӯ бо нахуствазири ин кишвар Ясуо Фукуда сурат мегирад, аммо тасвиби ҳеҷ гунна қарордоди байниҳукуматӣ дар ин боздид дар назар нест. Тибқи иттилоъи кумитаи омори Тоҷикистон, мубодилаи молу коло миёни ин кишвар ва Ҷопон дар даҳ моҳи соли равон беш аз 3 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил додаст. Ҷопон дар зарфи 10 соли ахир ба Тоҷикистон 12 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки билоиваз расонидааст.

XS
SM
MD
LG