Пайвандҳои дастрасӣ

Ташаббуси нави САҲА дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Николас Бӯрнс, ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲА дар Мадриди Испания гуфт, ки бо ширкати ин созмон бояд тавофуқе дар заминаи таҳкими амнияти марзии Тоҷикистону Афғонистон ба даст ояд. Вай гуфт, ки ташаббуси мазкур барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, убуру мурури афроди мусаллаҳ ва гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Бӯрнс гуфт:

"Ин як ташаббуси хеле хуб аст, ки Осиёи Марказиро ба масири баҳсу баррасиҳои САҲА ворид кунем. Ва мо ифтихор дорем аз он чи ки таҳия шуда буд ва умедворем, ки таҳти раҳбарии Испания мо ин қарорро имшаб ва ё ҳадди аксар то фардо субҳ қабул хоҳем кард".

Мақомоти Амрико бо таъкид ба аҳамияти САҲА гуфтанд, ки алорағми ихтилофи назарҳо дар миёни кишварҳои узви ин созмон, ҳамоиши кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Амрико зери чатри ин созмон хеле муҳим мебошад.
XS
SM
MD
LG