Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва паёмадҳои он


Кураи Замин торафт гармтар мешавад

Кураи Замин торафт гармтар мешавад

Созмони Миллали Муттаҳид бо нашри як гузориши тоза гуфт, агар ҷомеъаи байнулмилал дар робита ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ тавофуқ накунад, тағйири иқлим фалокатҳои азиме бар сари инсоният хоҳад овард.

Барномаи Рушди СММ мегӯяд, агар ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар зарфи 15 соли оянда бо суръати ҳозирааш идома кунад, ҳарорат дар кураи Замин боло рафта ва фалокатҳои табии азимеро дар пай хоҳад овард. Бар асоси ин гузориш, то 4 дараҷаи Селсий боло рафтани ҳарорат, обхезиҳо ба вуқӯъ пайваста метавонанд, 340 милиён нафарро бехонаву дар кунанд.

Хушксолӣ ба зироъатпарварӣ зиёни зиёд расонида ва сабаби гуруснагии милиёнҳо нафар дар кишварҳои дар ҳоли рушд хоҳад шуд. Обшавии босуръат ва кам шудани пиряхҳо метавонад, тақрибан 2 милиард нафарро ба камбуди об мувоҷеҳ кунад. Таври маълум газҳои гулхонаӣ, ба мисли гази карбон, ки аз сӯзишвориҳои нафтӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳосил мешавад, сабаби аслии тағйири иқлим аст, чун гази карбон дар атмосфера ҷамъ шуда ва намегузорад, ки гармӣ ба фазо хориҷ шавад. Созмони Милал мегӯяд, бояд ихроҷи газҳои гулхонаӣ башиддат кам карда шавад, то ҳарорат дар 15 соли оянда аз ду дараҷаи ҷадвали Селсий боло наравад, вагарна Замин бо фалокатҳои табиӣ ниқори худро аз инсоният хоҳад гирифт.

Муҳаққиқони тоҷик низ дар таҳияи гузориши Созмони Милал нақш доранд ва ба зудӣ таҳияи гузориши дуввуми миллӣ доир ба иҷрои Конвенсиюни Созмони Милал доир ба тағйири иқлимро анҷом медиҳанд, ки дар он доир ба таъсири гармоиши курраи Замин ба Тоҷикистон низ гуфта шудааст.

Бар асоси пажӯҳишҳои муқаддамотӣ ошкор шуд, ки аввал ҳарорат дар тамоми қаламрави Тоҷикистон боло меравад. Бояд гуфт, ки дар водиҳо ва ноҳияҳои сераҳолӣ, ҳарорат то як дараҷа боло рафтааст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат сифру аз даҳ панҷ дараҷа боло рафтааст. Яъне ҳарорат дар зарфи 50 – 60 соли ахир ҳамингуна дар Тоҷикистон боло рафтааст. Ин аст таъсири аввали гармоиши курраи Замин ба Тоҷикистон ва сипас асари гармоиши курраи Замин ба пиряхҳои кишвар эҳсос мешавад.

Бар асоси пажӯҳишҳои олимони тоҷик, бар асари тағйири иқлим, пиряхи бузургтарини Осиёи Марказӣ, пиряхи Федченко, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, солона аз 10 то 16 метр ақибнишинӣ мекунад. Дар зарфи 100 соли ахир ин пиряхи азим бештар аз 1 километр ақибнишинӣ кардааст. Пиряхи мавсум ба “Гармо” низ аз гармоиши Замин ранҷ мекашад ва ба қавли табиатшиносони тоҷик ба пораҳо тақсим шуда ва солона то 100 метр ақибнишинӣ мекунад. Тағйири иқлим пиряхҳои хурди Тоҷикистон ба мисли пиряхи Деҳондараро, ки тақрибан 1 километри мураббаъ масоҳат доштааст, ба куллӣ об карда ва ба ҷойи он майдони пурсангу хок мерос гузоштааст.

Ба гуфтаи Илҳом Раҷабов, корманди Маркази таҳқиқи тағйири иқлим ва қабати азон дар Тоҷикистон, агар ҳарорат дар курраи Замин ба ҳамин суръат боло равад, тамоми пиряхҳои хурду миёнаи Тоҷикистон аз байн хоҳанд рафт. Ҳамингуна об шудани пиряхҳо, ки сарчашмаи аслии оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, сабаби коҳиши захираҳои обиву азият кашидани мардумони минтақа хоҳад шуд. Дигар аз паёмадҳое, ки тағйироти иқлим барои Тоҷикистон хоҳад дошт, обхезиҳо аст, чун 85 дар сади қаламрави кишвар дар баробари обхезиву, лағшиши кӯҳ ва тарма осебпазир аст.

Ин фалокатҳои табиӣ амнияти мардумро зери хатар мебаранд ва монеъи рушди иқтисодии онҳо мешаванд. Аммо Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон газҳои гулхонаӣ хориҷ мекунад. Донишманди тоҷик Умед Каримов гуфт, мо доир ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон дар соли 2007 ҳанӯз омор надорем, ва охирин дафъа чунин таҳқиқотро дар соли 2003 анҷом додем. Дар он сол Тоҷикистон ба атмосфера бештар аз 2 милиёну 750 ҳазор тонна гази карбон хориҷ кардааст, ки ин тибқи меъёри махсус ба 2 768 гигаграмм баробар аст. Як гигаграм баробар ба 1000 тонна аст.

Вай афзуд, Тоҷикистон дар соли 2003 2 милиёну 768 ҳазор тонна гази карбон хориҷ кардааст. Аз ин миқдор 122 ҳазор тоннаи он гази метан, 8 ҳазор тонна туршии азот ва дигар газҳои гулхонаӣ мебошад. “Медонед, ҳоло инро бо фоиз ҳисоб накардаанд, вале нақши Тоҷикистон бисёр ночиз аст ва шояд камтар аз 1 фоиз бошад. Ба ҳадди миёна агар барои ҳар як сокини курраи Замин бигирем, барои як нафар сокини саёра 3, 8 тонна газҳои гулхонаӣ ихроҷ мешавад. Аммо барои ҳар як сокини Тоҷикистон 300 кило гази гулхонаӣ рост меояд, ки аз меъёри миёна дар тамоми курраи Замин даҳ маротиба камтар аст.

Бузургтарин ихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ, Амрико, Чину Русия, Ҳинду Бритониё ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳастанд ва Созмони Милал мегӯяд, бояд то соли 2020 ихроҷи газҳои гулхонаӣ 30 дар сад ва то соли 2050 80 дар сад коҳиш дода шавад, вагарна инсоният оқибатҳои бади рафтори худ ба курраи Замин - офаридаи зебои Худовандро хоҳад дид.

XS
SM
MD
LG