Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи изтирорӣ дар Покистон лағв мешавад


Вазъи изтирорӣ дар Покистон рӯзи 16 декабр аз байн бардошта мешавад. Дар ин бора раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар як суханронӣ тавассути телевизиони кишвар хабар дод.

Имрӯз дар шаҳри Исломобод маросими савгандёдкунии Парвиз Мушарраф чун раиси ҷумҳури ғайринизомии Покистон баргузор шуд. Ба думболи ин маросим Мушарраф гуфт, ки кишвараш дар марҳалаи калидии гузаштан ба демократия қарор дорад. Ӯ афзуд, ки ягон чиз садди роҳи баргузории интихоботи сартосарӣ дар Покистон нахоҳад шуд. Парвиз Мушарраф бозгашти сарвазирони пешин Беназир Бҳутто ва Навоз Шарифро чун гоми муҳим дар таъмини мусолиҳаи миллӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар шаҳри Лоҳур ҳудуди дусад тан аз ҳуқуқдонҳо алайҳи раиси ҷумҳури нав намоиши эътирозӣ доир карданд, ки он ба задухурд бо кормандони пулис печид.

XS
SM
MD
LG