Пулиси Словакия се нафарро ҳангоми талоши фурӯхтани маводи радиоактив боздошт кард. Гуфта мешавад, ки дастгиршудагон як шаҳрванди Укроин ва ду сокини Венгрия ё Маҷористон мехостанд урани ғанисохтаро фурӯшанд.
Таҳқиқи пешакӣ рушан кард, ки уран аз қаламрави шӯравии собиқ оварда шудааст. Боздоштшудагон мехостанд, ки ним кило уранро бо қимати миллион доллар бифурӯшанд.