Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти собиқ вазири дифоъи Гурҷистон


Собиқ вазири дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ
Собиқ вазири дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ

Собиқ вазири дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ дар шаҳри Берлин дастгир шуд. Ба гуфтаи мақомоти Олмон, боздошт баъди он сурат гирифт, ки Тифлис аз тариқи Интерпол вазири собиқро мавриди ҷустуҷӯ қарор дод.

Номи Ираклий Окруашвилӣ баъди он дар сархати ахбор ҷой гирифт, ки собиқ вазири дифоъи Гурҷистон дар як сӯҳбати телевизиоёнӣ раисҷумҳур Михаил Саакашвилиро дар тарҳрезии куштори рақиби сиёсияш айбдор кард. Баъди он ки мақомот худи Окруашвилиро дар фасод муттаҳам карданд, вазири пешин суханҳояшро пас гирифт ва баъди пардохти 6 миллиён доллар кафолатпулӣ Гурҷистонро тарк намуд. Рӯзҳои гирдиҳамоиҳои мухолифин дар Тифлис хабар расид, ки Окруашвилӣ дар Берлин – пойтахти Олмон ба сар мебарад.

Майкл Грунвалд, як корманди додситонии шаҳри Берлин, тайид кард, ки Ираклий Окруашвилӣ рӯзи 27 ноябр дар як меҳмонсарои пойтахти Олмон боздошт шудааст. Ӯ афзуд, ки Окруашвилӣ бар асоси аризаи мақомоти Гурҷистон, ки ба Интерпол ирсол кардаанд, боздошт шудааст. Ба гуфтаи М. Грунвалд, Гурҷистон Муоҳадаи Аврупо оид ба истирдодро имзо кардааст ва ин рӯ тақозояш барои истирдоди вазири пешин дар чаҳорчӯби қонун аст.

Авоили ҳамин моҳ додгоҳи шаҳри Тифлис Ираклий Окруашвилиро дар фасод, шустушӯи пул ва суиистифода аз маснад муттаҳам кард. Ҳамроҳ бо Окруашвилӣ дар Берлин ҳамчунин Язон Чихладзе низ дастгир шудааст. Чихладзе замони вазирии И.Окруашвилӣ масъулияти таъминот дар неруҳои мусаллаҳи Гурҷистонро бар дӯш дошт.

Майкл Грунвалд мегӯяд, ки мақомоти Олмон иттиҳомот алайҳи Окруашвилиро таҳқиқ мекунанд ва баъдан дар мавриди истирдоди ӯ ба Тифлис тасмим мегиранд. Мақомоти Гурҷистон тайи 40 рӯзи оянда ҳама асноди зарурии парвандаи вазири собиқро бояд ба Берлин фиристанд. Ва аммо гуфта мешавад, ки истирдоди Окруашвилӣ ба Тифлис саҳл нахоҳад буд, зеро дар маҳофили сиёсии Гурҷистон ва дигар кишвар ин ақида маъмул аст, ки боз шудани парвандаи ҷиноии ӯ - посух ба иттиҳоми Михаил Саакашвилӣ дар фасоду кӯшиши куштори рақиби сиёсист.

Ва аммо дар Тифлис бо ин ақида розӣ нестанд ва мегӯянд, Окруашвилӣ қабл аз айбдорсозии раисиҷумҳур хуб медонист, ки боздошт мешавад ва аз ин рӯ хост худро “қурбонии сиёсӣ” намоиш диҳад. Ва аммо Ека Беселия, вакили дифоъи Окруашвилӣ, гуфт, ӯ собит хоҳад кард, ки вазири собиқ маҳз бо ғаразҳои сиёсӣ мавриди таъқиби ҳукумати Гурҷистон қарор гирифтааст. Хонум Баселия афзуд, ӯ асноде дорад, ки на ба хотири ҷиноёташ балки бо аҳдофи сиёсӣ сурат гирифтани боздошти Окруашвилиро собит мекунанд.

Ека Беселия мегӯяд, ки дар ин бора ӯ аллакай бо вакили дифоъи Окруашвилӣ дар Олмон сӯҳбат кардааст ва талош мекунад то ин аснодро ба Берлин ироа намояд.

XS
SM
MD
LG