Дар пойтахти Филиппин шаҳри Манила ва ду ноҳияи канори он аз соати дувоздаҳи шаб то панҷи субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Мақомоти кишвар гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири таъмини волояти қонун баъд аз кушиши нокоми табаддулоти давлатӣ гирифта шудааст.
Глория Араойо, раиси ҷумҳури Филиппин изҳор намуд, ки созмондиҳандагони табаддулот ба даст уфтодаанд. Ахиран ҳудуди бист низомӣ дар як меҳмонсарои Манила ҷамъ омада ба барканории раиси ҷумҳур даъват карданд ва аммо ба зудӣ аз сӯи хадамоти амниятии кишвар боздошт шуданд.