Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гарри Каспаров озод шуд


Гарри Каспаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот ва раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандии Русия баъди панҷ рӯзи ҳабс озод карда шуд. Ӯ рӯзи шанбе ҳангоми раҳпаймоии ннорозиён аз ҳукумати Русия боздошт шуда буд. Додгоҳ Гарри Каспаровро дар вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо айбдор донист.

Фаъолони мухолифин ҳамарӯза ба пуштибонии Гарри Каспаров пикетҳо ташкил мекарданд. Эътирозгарон имрӯз ҳам дар канори бинои раёсати умури дохилаи Маскав ҷамъ омада буданд. Кормандони милисаи Маскав тайи панҷ рӯзи ахир ин эътирозгаронро пайваста боздошт мекарданд.

XS
SM
MD
LG