Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як "эътилофи норанҷӣ" дар Укроин


Дар порлумони Укроин расман эътилофи норанҷӣ таъсис ёфт. Дар иҷлосияи имрӯзаи Верховная Рада хабар дода шуд, ки созиш дар бораи эътилофро 227 вакил аз Эътилофи Юлия Тимошенко ва ҳизби “Укроини мо”- ҳизби ҷонибдор аз раиси ҷумҳур Виктор Юшенко имзо кардаанд. Эътилоф ва кобинаи вазирони Укроинро таъсис хоҳад дод.

Интизор меравад, ки рӯзи 4 декабр дар нишасти навбатии порлумони Укроин раиси Верховная Рада интихоб шавад. Ёдовар мешавем, баъд аз "инқилоби норанҷӣ" дар тирамоҳи соли 2004 ум ҳам Юлия Тимошенко ва Виктор Юшенко эътилоф ташкил карда буданд ва аммо он баъди тақрибан як сол комилан аз байн рафт.

XS
SM
MD
LG