Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ОБСЕ дар Мадрид ифтитоҳ шуд


Дар шаҳри Мадрид, пойтахти Испания нишасти дурӯзаи вазирони хориҷаи 56 кишвари узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) идома дорад. Хосе Родригес Сапатеро, сарвазири Испания зимни ифтитоҳи нишаст аз кишварҳои узви созмон даъват кард, ки мубориза бо террорро таҳким бубахшанд. Яке аз мавзӯъҳои аслии конфаронси Мадрид – тасмими Русия барои лағви ширкаташ дар Созишнома оид ба силоҳи муқаррарӣ дар Аврупост, ки дар посух ба тарҳи бунёди сипари мушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон гирифта шудааст.
Нишаст дар ҳоле доир мешавад, ки равобити миёни ОБСЕ ва Русия, баъд аз сарпечии Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон аз фиристодани нозиронаш ба интихоботи Думаи давлатии Русия, басо сард шудааст.

XS
SM
MD
LG