Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон мубориза бо СПИД-ро оғоз карданд


Бо намоиши филмҳое, ки ба ВИЧ СПИД бахшида шудаанд, маъракаи имсолаи иқдомот алайҳи ин маризӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Бо ибтикори ниҳодҳои байнулмилалӣ ва маҳаллии марбута, сар аз таърихи 29 ноябр дар Кохи Ҷомӣ намоиши филмҳо дар мавзӯъи ВИЧ СПИД оғоз шуд. Ин ва иқдомоти дигаре бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД, ки ба 1 декабр таъин аст, рӯи даст гирифта шудааст. Дар таърихи 30 ноябр, дар Душанбе форуме бо номи «СПИД-ро боздорем. Ба ваъда вафо намоем». Ҳамчунин, баргузории нишасти конфронсӣ барои хабарнигорон низ, барои 30 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Бино бар маълумоти расмӣ, то ҳоли ҳозир 872 мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон сабти ном шудааст.

XS
SM
MD
LG