Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Ҳонконг бо ду медал


Варзишгари тоҷик Бадриддин Умедов дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Уқёнус ва Австралия оид ба каратэ-до дар Ҳонконг ду медал ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 80 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, барандаи медали тилло шуд. Ӯ,инчунин, дар вазни мутлақ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Ба иттилоъи Умархон Мадвалиев, раиси Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон дар ин мусобиқот варзишгарони 14 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро панҷ нафар намояндагӣ карданд.

XS
SM
MD
LG